Ожонси бима: нафақаи пирон дар соли 2017 бозҳисобӣ гардид

© Sputnik Амир ИсаевТаджикские пенсионеры, архивное фото
Таджикские пенсионеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа маблағи моҳона ва андозаи миёнаи нафақаи суғуртавии 20 ҳазору 961 нафар нафақагирон 23,2% афзоиш ёфт.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ожонси бимаи  иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби ожонс ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нафақаҳои суғуртавии 20 ҳазору 961 нафар нафақагироне, ки ба онҳо аз 1 январи соли ҷорӣ инҷониб нафақа таъйин гардида буд, бозҳисобӣ карда шуданд, ки аз ин теъдод 18601 нафар — нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол, 1562 нафар — нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ, 1293 нафар — нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа маблағи моҳона ва андозаи миёнаи нафақаи суғуртавии 20 ҳазору 961 нафар нафақагирон 23,2% афзоиш ёфт.

Зикр гардид, ки тартиби такмилёфтаи индексатсияи сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда, ки дар ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ таъсири мусбат мерасонад, дар ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавии шаҳрвандоне, ки ба онҳо минбаъд низ нафақаҳои суғуртавӣ таъйин мегарданд, истифода карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала