Қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар Душанбе: имрӯз

© Sputnik Амир ИсаевДорога в Душанбе. Архивное фото
Дорога в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ дар бораи қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми баргузории Шоу - барномаи идона ба муносибати Соли нави 2018 қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии шаҳрдорӣ хабар дода шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе, Рустам Эмомалӣ дар бораи қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми баргузории Шоу — барномаи идона ба муносибати Соли нави 2018 қарор баровардааст.

"Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ 31 декабри соли 2017 аз соати 19:30 то 22:00 тибқи нақшаи замимагардида манъ карда шавад", — омадааст дар қарори шаҳрдор.

Фейерверк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Соли нав дар панҷ гӯшаи Душанбе оташбозӣ мешавад

Дар ин росто Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе вазифадор шудааст, ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории чорабиниҳои идона ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои мушаххаси мақсаднок роҳандозӣ намояд. Вале ВУД соати баста шудани роҳҳоро тағйир дод.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои солинавӣ дар майдони "Дустӣ"-и шаҳри Душанбе, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии тамбашавии воситаҳои нақлиёт санаи 31-уми декабри соли ҷорӣ аз соати 16:00 то 24:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ, аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи Бухоро, кӯчаи Шероз, аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи Ҷ. Икромӣ, кӯчаи Теҳрон, аз кӯчаи Бохтар то кӯчаи Шероз ва кӯчаи Ҷ.Икромӣ, аз кӯчаи Шероз то хиёбони Рудакӣ, манъ карда мешавад.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода, Бохтар, Бухоро ва Шевкченко ба роҳ монда мешавад.   

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала