Милиса дар Конибодом як марди далларо дастгир кард

CC0 / Pixabay / Ноги, архивное фото
Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муттаҳам ба шинос кардани мардону занон бо мақсади муносибатҳои маҳрамона машғул шуда, барои ин хизматаш пул мегирифтааст

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони милиса дар шаҳри Конибодом мардеро ба иттиҳоми даллагӣ дастгир кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодом ҳангоми тафтишот марди 32-солаи сокини шаҳри мазкурро бо гумони даллагӣ дастгир намуданд. 

Гуфта мешавад, муттаҳма санаи 31-уми декабри соли 2017, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар назди майдончаи истгоҳи роҳи оҳани Конибодом барои муносибатҳои маҳрамона зани 38-сола ва марди 43-солаи сокинони ҳамин шаҳрро бо ҳам шинос карда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 

"Ҳамин тариқ, номбурда санаи 31-уми декабри соли 2017, тахминан соати 21:30-дақиқа дар назди майдончаи истгоҳи роҳи оҳан барои муносибатҳои маҳрамона зани 29-солаи сокини шаҳри мазкур ва марди 44-солаи сокини шаҳри Исфараро бо ҳам шинос карда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, менависад дафтари матбуотии ВУД.

Лентаи хабарҳо
0