"Беҳтарин оилаи ҷавон"-и Тоҷикистон муайян шуд

© Фото : Пресс служба президента РТПосещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном
Посещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи кор бо занон озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин оилаи ҷавон"-ро рӯзи 28 декабри соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бино бар иттилои равобити умуми Кумитаи умури занон, мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон буда, озмун дар ҳамкорӣ бо азоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор карда шуд.

Ба иттилои манбаъ,  озмуни "Беҳтарин оилаи ҷавон" дар се давр баргузор гардида, даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 11 оилаҳои беҳтарин аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Рашт, Тоҷикобод ширкат доштанд.

"Озмун аз рӯи 6 шарт: муаррифии оила, бахши рӯзгордорӣ, бахши маънавӣ ва андарзӣ, бахши фарҳангӣ-фароғатӣ, намоиши ҳунарҳои дастӣ ва бахши ҳаҷвӣ доир гардида, оилаҳои ҷавон ҳар яке аз дигаре беҳтару хуштар ва бо завқи баланд ҳунарнамоӣ карданд",- гуфта мешавад дар иттилоия.

Ҳайати ҳакамон маҳорату малака ва истеъдоди ҳар як оилаи ҷавонро баҳогузорӣ намуда, ҷойи аввалро ба беҳтарин оилаи ҷавон аз ВМКБ, ҷойи дуввумро ба беҳтарин оилаи ҷавон аз вилояти Хатлон, ҷойи саввумро ба беҳтарин оилаи ҷавон аз ноҳияи Варзоб муносиб донистанд.

Ғолибони озмун ва дигар иштирокчиён бо Дипломҳо ва тӯхфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0