Viber ҳам қисман баста шуд: дар Тоҷикистон

CC0 / Pixabay / Сотовый телефон, архивное фото
Сотовый телефон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Корбарони Facebook менависанд, ки зангҳои телефонӣ ва видеоӣ тариқи барномаи Viber қариб аз ҳамаи операторон дастнорас шудааст

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон машҳуртарин мессенҷер-Viber қисман баста шудааст.

Аксари корбарони Facebook менависанд, ки дар айни замон зангҳои телефонӣ ва видеоӣ тариқи барномаи Viber қариб аз ҳамаи операторон дастнорас аст.

Ин хабарро бархе аз операторон таъйид карданд. Ва акнун зангҳои телефонию видеоии барномаи Viber танҳо тариқи "анонимайзерҳо" дастрас мешавад.

"Viber қисман аз ҷониби оператори миллии "Тоҷиктелеком" баста шудааст", — гуфтааст намояндаи ин ниҳод дар суҳбат бо РИА Новости.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маҷбур шудем: шикояти муҳоҷирони тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон аз баста шудани NGN

Пештар дар Тоҷикистон хадамоти телефонии "NGN" баста шуд. Далели қатъи онро ниҳоди масъул таҳкими бехатарӣ гуфта буд.

Дар ин росто муҳоҷирони тоҷики Русия, ки ин барномаро барои тамос бо пайвандонашон истифода мекарданд ба раисҷумҳури Тоҷикистон номаи кушод навишта буданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли номае аз ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ дархост кардааст, ки дар бораи далели қатъи паёмрасони "NGN" тавзеҳ диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала