Коршинос: Мирзиёев барои дидор бо Эмомалӣ Раҳмон сахт омода шудааст

© Фото : Из личного архива Н. МендковичаНикита Мендкович, архивное фото
Никита Мендкович, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Бошгоҳи таҳлилии авросиёӣ Никита Мендкович изҳороти раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро дар бораи сафари корӣ ба Тоҷикистон баррасӣ кард

Масъалаи аломатгузории марз яке аз масоили муҳими мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо Эмомлӣ Раҳмон хоҳад буд, мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи вай, раисҷумҳури Узбакистон тавонистааст масоили марзӣ бо Қирғизистонро зуд ва самарабахш ҳаллу фасл кунад.

"Раисҷумҳури нав бояд равобитро аз нав бисозад. Ин ки Мирзиёев ба мушкилоти пешомада бисёр аҳамият медиҳад, бархеро нигарон кардааст. Пештар бештари коршиносон, аз ҷумла ман низ боварӣ доштам, ки ивазшавии раисҷумҳур дар Узбакистон муносибатҳоро дигар хоҳад кард. Бештари кашокашҳо бо аз сари қудрат рафтани яке аз ширкаткунандагони он, бартараф мешавад", —гуфт Никита Мендкович ба Sputnik Тоҷикистон.

Мендкович: Мирзиёев хорошо подготовился к визиту в Таджикистан

Танҳо як далел, ки Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон пас аз дигар кишварҳо сафар мекунад, аз он шаҳодат медиҳад, ки барои сафар сахт омодагӣ дидааст.

Никита Мендкович бар он аст, ки сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар рушди  муносибатҳои ду кишвар таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Мусоҳибаи пурраи коршиносро метавон аз сабти овозӣ гӯш кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала