Издиҳоми 2 ҳазор тоҷикистонӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия. НАВОР

Обуна шудан
Имрӯз, 8-уми январ дар назди қабулгоҳи намояндагии Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон бетартибиҳо ба миён омад

Дар кӯча наздики 2 ҳазор тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мақсади сафар ба Русияро доранд, ҷамъ омаданд. Тавре маълум гашт, онҳо чанд рӯзи пештар низ барои супоридани ҳуҷҷатҳои худ ба қабулгоҳ ҳозир шуда буданд. Аз баски дар Русия аз 30-уми декабр то 8-уми январ рӯзҳои итироҳатӣ эълон шудааст, ниҳод низ кор накардааст.

Кормандони намояндагӣ ба назди ҳозирон баромада, хостори пароканда шудани издиҳом гаштанд, аммо касе гӯш накардааст. Бинобар ин ба кӯмаки онҳо кормандони милиса омадаанд.

Лентаи хабарҳо
0