Ҳафиззода: ҳоло ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти кӯдакони дар Ироқ пайдошудаи тоҷик нест

© Пресс-служба МВД РТНачальник Управления: Хафиззода Шоди Хуршед - полковник милиции, архивное фото
Начальник Управления: Хафиззода Шоди Хуршед - полковник милиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустмуовини роҳбари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВУД ҶТ Хуршед Ҳафиззода низ хабари ёфт шудани хешовандони кӯдакони тоҷикеро, ки дар кӯдакистонҳои Ироқ қарор доранд, тасдиқ кард

Ба гуфтаи нахустмуовини роҳбари раёсат, ба Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ҳақиқат зане муроҷат кардааст, ки дар навор фарзандони додарашро шинохтааст.

Аммо ба қавли Ҳафиззода ниҳод ҳуҷатеро надорад, ки хешовандии зан ва кӯдакони дар Ироқ бударо тасдиқ кунад.

"Мо аммаи кӯдаконро ётем ва зан тасдиқ кард, ки бародарзодаҳои худро дар навор шинохтааст. Аммо бо он далел, ки онҳо дар Ироқ таваллуд шудаанд, мо ягон ҳуҷҷат надорем",- мегӯяд вай.

Хафиззода: документов, подтверждающих личности сирот из Ирака, нет
Хафиззода: документов, подтверждающих личности сирот из Ирака, нет

Мо танҳо ба гуфтаҳои Гулбаҳор Аслонова истинод мекунем ва далели дигаре надорем, афзуд ҷаноби Хуршед Ҳаффиззода.

Ёдрас мешавем, рӯзи гузашта хабар дода шуд, ки чор навраси тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон бар гардонида мешаванд.

Бино бар иттилои сухангӯи ВУД, шахсият ва ҳуввияти Оиша ва додарону хоҳаронаш дар Тоҷикистон пас аз он шинохта шуд, ки шабакаи телевизионии "Russia Today"  дар бораи онҳо гузориш дод.

Ба гуфтаиҷаноби Умарҷон, падару модари Оиша бо падару модар ва хоҳару бародаронаш се сол қабл ҳангоми муҳоҷирати корӣ аз Русия ба Ироқ рафтаанд.

Манбаъ афзуд, вазорат якҷоя бо ВУХ тамоми санадҳои лозимаро ҷобаҷо кардааст.

"Он тарафи кор аз ҷониби Ироқ низ вобаста аст, барои ҳамин дақиқ гуфта наметавонам, ки онҳо кай ба Тоҷикистон бар гардонида мешаванд",- қайд кард ӯ.

Умарҷон афзуд, ба ниҳод тақдири феълии наврасон маълум нест, аммо умед доранд, ки то ҳол дар кӯдакистон зиндаву саломат ҳастанд.

Оиша ва хоҳару бародаранаш пас аз бозгашт шояд ба дасти хешу таборашон супорида шаванд, дар акси ҳол Ҳукумат нигаҳубонии онҳоро ба дӯш хоҳад гирифт.

Охирҳои моҳи сентябр шабакаи телевизионии  "Russia Today" хабар дод, ки дар Ироқ як шаҳрванди 16-солаи Тоҷикистон шиносоӣ шуда, ки шавҳараш аз ҷангҷӯёни ДОИШ будаву дар ҷанг кушта шудааст.

Ин духтарро аз дасти ҷангиёни доишӣ наҷот дода ба Бағдод овардаанд. Ҳамроҳ бо ӯ чанд кӯдаки дигар низ наҷот дода шуданд. Ин духтар як хоҳари 7-сола ва ду додар ҳам дорад, ки яке 9-сола ва дигаре 3-сола аст, гуфта мешуд дар хабар.

 

Лентаи хабарҳо
0