Робитаи мустақими соҳибкорон: Тоҷикистону Қатар созишнома имзо мекунанд

Тоҷикистон ва Қатар табодули содироти маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik.  Дар ин бора равобти умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистоон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 11 январ сафири Тоҷикистон дар  Қатар Хисрав Соҳибзода бо вазири шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Қатар Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Румейҳӣ дидор кардааст.

Встреча Посла с Министром труда и социальных вопросов Катара - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба Қатар нерӯи корӣ мефиристад

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо роҳҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқавориро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин роҷеъ ба имкониятҳои таъсиси ширкату корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Қатар табодули назар сурат гирифт.

"Ҷонибҳо бар зарурати дар наздиктарин фурсат ба имзо расонидани созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъкид намуда, таҳкими робитаҳои мустақими корӣ миёни доираҳои соҳибкории ду давлат дар арсаҳои кишоварзӣ ва хӯрокворӣ ва иштироки онҳоро дар намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон ва Қатар ҳамасола баргузор мешаванд, муҳим арзёбӣ намуданд", —омадааст дар хабарнома.

Вазорати шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Қатар яке аз бузургтарин вазоратҳои ин давлат буда, ҳамчунин масъули татбиқи сиёсати давлатии Қатар дар соҳаҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ мебошад.

Пештар хабар дода шуд, ки сафири Тоҷикистон дар Қатар бо раиси анҷумани соҳибкорони Қатар мулоқт кард. Дар рафти суҳбат масоили таҳкими робитаҳои соҳибкорони ду кишвар ва роҳандозии содироти маҳсулоти ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шуданд.

Шайх Файсал Оли Сонӣ изҳор намуд, ки соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, логистика, саёҳат ва сохтмони меҳмонхонаҳо алоқамандии зиёд доранд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо баргузор намудани вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро дар наздиктарин фурсат зарур шумориданд.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала