Генерал Навҷувонов: собиқадорон 31 далели дуздиро дар ВМКБ ошкор карданд

© Фото : Ах ВУДГенерал-майор Абдулло Навҷувонов
Генерал-майор Абдулло Навҷувонов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини вазир Абдулло Навҷувонов қайд карда, ки собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳама давру замон баҳри пешбурди самтҳои фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ саҳмгузор буданду ҳастанд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik.  Дар толори маҷлисгоҳи ВУД ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматии Созмони собиқадорони Вазорат бо ширкати муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД подполковники милитсия Маҳмадалӣ Мусозода, кормандони бахшҳои кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва раисони Шӯроҳои собиқадорону аъзоёни онҳо дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардидааст.

Дар ин бора равобити умумии ин ниҳод хабар медиҳад.

Генерал зимни суханронӣ гуфтааст, ки собиқадорони Вазорат дар ҳама давру замон баҳри пешбурди самтҳои фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша саҳмгузор буданду ҳастанд.

"Дар соли сипаригардида низ дар ошкору пешгирии ҷиноятҳо бо кормандони милитсия ҳамкории зичи худро ба роҳ мондаанд, ки мисоли онҳо ошкори 31 далели дуздӣ аз ҷониби ду нафар собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад", — гуфтааст Навҷувонов.

Дидори сардори милиса бо фаъолони Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Аз мошинҳои берақам то силсиладуздиҳо: мулоқоти полковник бо фаъолону халифаҳои Хоруғ

Бо ишора ба собиқадорон генерал гуфтааст, ки "Шумо, ки солҳои зиёд дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намуда дорандаи донишу малакаи касбии хуб мебошед, инчунин дар ин сохтори бонуфуз шогирдону дастпарварони зиёдеро барои содиқона хизмат намудан ба давлату миллат омода намудаед, хуб мешуд ҳар як собиқадори Вазорати корҳои дохилӣ барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони ҷавон, ҳиссагузорӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳамкории қавии худро бештар менамуд".

Айни замон дар Созмони собиқадорони ВКД 14 ҳазору 399 нафар собиқадорону нафақахӯрон бақайд гирифта шудаанд, ки дар шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ истиқомат доранд. 

Дар идомаи чорабинӣ бо Фармони Вазорати корҳои дохилӣ "Оид ба ҳавасмандгардонӣ", барои хизмати тӯлонӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, муносибати поквиҷдонона нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, гузоштани саҳми арзанда дар тарбияи кормандони ҷавон, инчунин дастгирӣ намудани нафақахӯрон 10 нафар собиқадорони ВКД бо нишони сарисинагии "20-солагии таъсисёбии Созмони собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон", инчунин 3 нафар собиқадорон бо медали ҷашнӣ бахшида ба "100 солагии милитсияи Русия" сарфароз гардонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0