Раиси нави Суғд рӯзи якшанбе ба бозор рафту нархи гӯштро арзон кард

Обуна шудан
Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулини бозор вазифадор карда шуданд, ки тибқи лоиҳаи мукамммали меъморӣ таъмиру рангубори пештоқ, айвонҳо, сақфу роҳравҳо ва атрофи бозорро то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба роҳ монанд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Рӯзи якшанбе, 14-уми январ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бозорҳои мавзеи Панҷшанбе рафтааст. 

Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, хабар медиҳад.

Аҳмадзода роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулини бозор вазифадор кардааст, ки тибқи лоиҳаи мукамммали меъморӣ таъмиру рангубори пештоқ, айвонҳо, сақфу роҳравҳо ва атрофи бозорро то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба роҳ монанд.

Раджаббой Ахмадзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Супоришҳои раиси нави Суғд дар бораи корхонаҳои бузурги хусусӣ

Ҳамзамон, ба мақомотҳои дахлдор дастур дода шудааст, ки ҳолати санитарию бехатарии зиддисӯхтор, назорати қатъии сифати маҳсулоти воридшаванда, бахусус хӯрокворӣ ва маҳсулоти гӯштиро ба роҳ монда, тартибу низоми фаъолияти растаҳо ва либоси ягонаи касбии фурӯшандаҳоро ташкил намоянд.

Зимни боздид вазъи нарху навои ниёзи аввал низ мавриди мушоҳида қарор дода шуд. Роҳбари вилоят аз фаровонии маҳсулот дар бозор қаноатманд шуд, аммо аз баланд будани нархи гӯшт изҳори нигаронӣ намуд. Рӯзи боздид як килограмм гӯшти гов дар бозори Панҷшанбе 35 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 38 сомонӣ фурӯхта мешуд. Бо тавсия ва дастури роҳбари вилоят раёсати бозор ва қассобон тасмим гирифтанд, ки дар андаке паст кардани нархи он мусоидат намоянд.

© Фото : Аз равобити умуми ҳукумати СуғдРаҷаббой Аҳмадзода дар бозор
Раҷаббой Аҳмадзода дар бозор - Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода дар бозор

Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва раёсати бозор супориш гирифтанд, ки ҷиҳати паст намудани нарх соҳибкоронро дастгирӣ намоянд.

Гуфта мешавад, ки худи ҳамин рӯз нархномаи нави гӯшт дар бозор муқаррар гардида, қассобон уҳдадор шуданд, ки як килограмм гӯшти говро бо нархи 33 сомонӣ ва гӯшти гӯсфандро 36 сомонӣ ба харидорон пешниҳод кунанд.

Санҷиши гуруҳи эҷодӣ нишон дода, ки пас аз тавсияи роҳбари вилоят нархномаҳои гӯшт дар пештоқи дӯконҳои бозор ба таври мусбат дигар шудааст. Миқдори чунин нуқтаҳои фурӯш дар дохили Панҷшанбе 20 ададро ташкил медиҳанд.

Председатель согдийской области Абдурахмон Кодири, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғдро аз мақомаш барканор кард

Роҳбари вилоят дар растаҳо бо нархи маҳсулоти дигари ниёзи аввал шинос шудааст.

Дар бозори Панҷшанбе мавиз 15 сомонӣ, биринҷ 5,5-6 сомонӣ, мош 10-12 сомонӣ, нахӯд 18-20 сомонӣ, турбу шалғам 1 сомонӣ, пиёз аз 2 то 3,5 сомонӣ, сабзӣ аз 80 дирам то 1,5 сомонӣ, картошка 3-3,5 сомонӣ ва помидор 13-15 сомонӣ арзиш дорад. Ба роҳбарияти бозор инчунин тавсия дода шуд, ки ҷиҳати беҳтар кардани шароити фаъолияти фурӯшандаҳо тадбир андешад.

Роҳбари вилоят вазъи бозори Афросиёбро мавриди назар қарор дода, ба мутасаддиёни он низ ҷиҳати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, таъмини либоси ягона, воридоти маводи хушсифат, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва танзими нарх супориши қатъӣ додааст.

Айни ҳол дар бозори Афросиёб беш аз 250 нуқтаи фурӯш фаъолият дорад. Талаб карда шуд, ки роҳбарияти бозорҳо бо мақомоти суғурта шартнома банданд ва иншооти хешро суғурта кунанд.

Дар маркази савдои Баҳор бошад, таваҷҷуҳи роҳбари вилоятро растаи ҳунарҳои мардумӣ ба худ ҷалб намудааст. Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳунармандону соҳибкорон ва фурӯшандаҳо тавсия додааст, ки дар "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" асосан маҳсулоти ватаниро ба мизоҷон пешниҳод намоянд.

Дар ин росто дастур дода шудааст, ки ба масъалаи рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кулолгарӣ, чойнику пиёласозӣ ва дигар армуғонҳои миллӣ диққати бештар дода шуда, бо ин васила ташкили ҷойҳои нави корӣ ба роҳ монда шавад.

Раҷаббой Аҳммадзода ҳамзамон таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳрро ба масъалаи ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди масҷид ва оромгоҳи Шайх Маслиҳаддин, ки мероси гаронбаҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад, ҷалб намудааст.

Ба роҳбарияти Хуҷанд  дастур дода шудааст, ки дар асоси лоиҳаи мукаммал таъмиру азнавсозии симои зоҳирии биноҳои баландошёна ва хизматии мавзеъи Панҷшанберо ба роҳ монад ва онҳоро ба талаботи меъмории замонавӣ ҷавобгӯ созад.

Лентаи хабарҳо
0