Автобусе бо муҳоҷирон дар Қазоқистон оташ гирифт: 52 кас кушта шуд

© instagram / askar_aktileuСгоревший в Казахстане пассажирский автобус
Сгоревший в Казахстане пассажирский автобус - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз 50 шаҳрванди Узбакистон дар паи оташ гирифтани автобусашон дар вилояти Оқтеппа осеб дид

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Автобусе, ки 57 муҳоҷирро аз Русия ба Узбакистон мебурд, дар вилояти Оқтеппа оташ гирифт, гуфт сухангӯи Кумитаи авзоъи изтирории ВУД Қазоқистон Руслан Имонқулов ба Sputnik.

“Дар ин сӯхтор, ки 18 январ дар 1068-умин килуметри бузургроҳи Самара – Чимканд дар ноҳияи Иргиз дар 10-килуметрии деҳаи Қолибой рух додааст, 52 мусофир кушта шуд”, — гуфт вай.

Имонқулов афзуд, кормандони КАИ ВУД Қазоқистон панҷ мусофиреро, ки аз ин сӯхтор ҷон ба саломат бурдаанд, ёрии аввалия расонда ва ба бемористон бурдаанд.

Кормандони пулис, наҷотдиҳандагон, пизишкон ва равоншиносон дар маҳалли ҳодиса кор мекунанд, гуфт вай.

Лентаи хабарҳо
0