Тоҷикистон барои хариди мазут аз Қазоқистон камобеш $4 млн дарёфт хоҳад кард

Қазоқистон ба Тоҷикистон барои хариди мазут камобеш 4 милюн дулор ихтисос хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Қазоқистон ба Тоҷикистон барои хариди 10 ҳазор тонна мазут ҳудуди 4 миллион доллар кумаки молии инсондӯстона ироа хоҳад кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, Бакитҷон Сагинтаев, нахуствазири Қазоқистон рӯзи 12 январ ин тасмими ҳукуматро имзо кардааст.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон бояд дарёфткунандаи расмии кумаки инсондӯстонаро муайян ва ҳамоҳангсозии ирои кумакро таъмин кунад.

Гуманитарная помощь Республики Казахстан передана таджикской стороне - Sputnik Тоҷикистон
Ёрии башардӯстона: Қазоқистон ба Тоҷикистон як ҳазор тонна мазут дод

Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон бояд ироаи саривақтӣ ва таробарии кумаки инсондӯстона ба Тоҷикистонро таъмин кунад.

Ёдоварӣ мекунем, ки Қазоқистон дар поёни соли 2017 низ як ҳазор тонна мазут ба Тоҷикистон таҳвил дода буд.

Ҳамчунин дар моҳи август низ Тоҷикистон аз Қазоқистон 120 тонна хӯроквориро ҳамчун кумаки башардӯстона дарёфт карда буд. 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала