Баъди танбеҳи раисҷумҳур: вазири молия аз мақомаш барканор шуд

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур барои иҷрои нокифояи даромади будҷаи давлатӣ ва ба амал омадани қарзи маош ба Абдусалом Қурбониён танбеҳ дода буд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Имрӯз 19-уми январ чанде аз расонаҳои Тоҷикистон дар истинод ба манобеи худ хабар доданд, ки вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён аз мақомаш барканор шудааст. Бино бар иттилои расонаҳо, ба ҷойи вай раисҷумҳур собиқ раиси Кумитаи амволи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода таъин кардааст.

Барканоршавии вазири молия дар ҳолест, ки рӯзи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи ҳукуматӣ пас аз гузориши Абдусалом Қурбониён аз камбудҳои кори вай ёдрас кард ва ислоҳи саривақтии онро талаб кард.

"Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои Вазири молияро оид ба иҷрои нокифояи қисми даромади буҷети давлатӣ, ба амал омадани қарзи маош дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорати ғайриқаноатбахши истифодаи маблағҳо, татбиқи нокифояи талаботи Қонуни ҶТ "Дар бораи буҷети давлатӣ", сари вақт пардохт нагардидани қарзҳо аз ҷониби субектҳои қарзгир, нишон дода, ислоҳи саривақтии онро талаб намуд",- гузориш дода буд дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дафтари матбуотии раисҷумҳур ҳоло ин хабарро тасдиқ накардааст.

Лентаи хабарҳо
0