Наврасони хуҷандӣ киштиҳои кайҳонпаймо ва дарёпаймои ояндаро ихтироъ карданд

Дар озмуни "Техникони наврас" беш аз 230 ихтироъ ва маҳсули эҷоди хонандагон ба намоиш гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар мактаби №2 шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни "Техникони наврас" баргузор гардид, ки дар он беш аз 230 ихтироъ ва офаридаи донишомӯзон ба ҳайъати доварон манзур карда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Озмун дар 7 бахш — муҳандисии радиоконструкторӣ, ҳавопаймосозии моделӣ, кайҳонпаймои оянда, дарёпаймои оянда, худравсозии моделӣ, ҳимояи шаҳри оянда ва ихтироъкорӣ сурат гирифта, дар он хонандагони ҳама мактабҳои миёнаи шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Дар номгӯи ихтирооти хонандагон анвои гуногун бо диду нигоҳи хосса тариқи назариявӣ ва амалӣ пешниҳод ва ҳимоя карда шуд.

Ҳайъати доварон дар бахши радиоконструкторӣ хонандаи МТМУ№19 Меъроҷ Маҳмудов, дар бахши авиамоделӣ муҳассили Гимназияи №4 Баҳодур Абдуллоев, дар бахши мошинаи ояндаи коинот хонандаи мактаби хусусии "Паймони азизон" Эҳсон Неъматҷонов, дар бахши киштии ояндаи обӣ хонандаи МТМУ№19 Маҳмудҷон Болтуев, дар бахши автомоделӣ хонандаи МТМУ№21 Эмомалӣ Аллабердиев, ҳимояи шаҳри оянда муҳассили МТМУ №5 Азимҷон Бобоҷон ва дар бахши ихтироъкорӣ хонандаи мактаби хусусии "Гулчини маърифат Муҳаммадамин Калоновро ғолиб эълон намуданд."

Ҳамзамон дар бахшҳои номбурда ҷойҳои 2 ва 3-юм муайян шуданд. Гурӯҳе а з хонандагони фаъол бо Cипоснома қадршиносӣ шуданд.

Ғолибони мақоми аввал ба озмуни вилоятии "Техникони наврас" роҳхат гирифтанд.

Интизор меравад, ки даври вилоятии озмун моҳи майи соли равон сурат гирад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала