Расулзода: дар соли 2017 ҳаҷми ТНД Тоҷикистон 7,1 дарсад рушд кард

© Sputnik / Сергей СубботинКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта 7,1 дарсад рушд карда ва ба 61,1 милёрд сомонӣ расидааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Соли 2017 ҳаҷми тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон 61,1 миллиард сомонӣ (6,9 миллиард доллар) буд.

Ба гузориши ТоҷикТА, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумати ҶТ, ки дирӯз ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор шуд, гуфт, ки ТНД Тоҷикистон дар соли гузашта 7,1 дарсад рушд кард.

Масъулин дар Маҷлиси васеи ҳукуматӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ислоҳ кунед!: Кадом масъулин аз Эмомалӣ Раҳмон танбеҳ гирифтанд

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласа гуфта шуд, ки дар соли 2017 тавлиди колоҳои санъатӣ 21,3 дарсад, маҳсулоти кишоварзӣ 6,8 дарсад, сармоягузорӣ 4,1 дарсад ва ҳаҷми бозаргонии хурдафурӯшӣ 6,6 дарсад рушд кард.

Ҳамчунин, соли гузашта даромади будҷаи давлатии ҶТ аз ҳаҷми барномарезишуда 13 милюн сомонӣ афзуд ва ба 19,5 миллиард сомонӣ расид. Нақшаи ҷамъоварии молиёт 102,6 дарсад, пардохтҳои гумрукӣ 98 дарсад иҷро шудааст.

Дар соли 2017 дар Тоҷикистон 170 ширкати санъатӣ бунёд шуд ва камобеш 3 ҳазор шаҳрванд бо кори тамомвақт таъмин гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0