Тургумбоев: дуд ва бор роҳи мусофиронро баста буд

© МВД РКЕрлан Тургумбаев
Ерлан Тургумбаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев далоили кушта шудани муҳоҷирони узбакистонӣ дар паи оташ гирифтани автобусашонро бозгӯ кард

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Сӯхтор дар автобуси муҳоҷироне, ки аз Русия ба Узбакистон бар мегаштанд, 18 январ дар вилояти Оқтеппа, дар 1068-ум килуметри бузургроҳи Самара – Чимканд дар ноҳияи Иргиз рух дода буд. аз 57 сарнишине, ки дар автобус буд, 52 кас дар оташ кушта шуд ва танҳо 5 кас аз ин ҳодиса ҷон ба саломат ба дар бурд.

Сгоревший в Казахстане пассажирский автобус - Sputnik Тоҷикистон
Автобусе бо муҳоҷирон дар Қазоқистон оташ гирифт: 52 кас кушта шуд

Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев мегӯяд, бозҷӯии ин қазия ҳеч нишонае аз ҷиноятро дар оташ гирифтани он автобус ошкор накард.

Вай дар нишасти хабарӣ дар Оқтеппа яке аз авомиле, ки сабаби кушта шудани мусофирон дар ин сӯхтор шуда, дудеро донист, ки аз оташ гирифтани бор автобусро фаро гирифта будааст.

"Дигар омил ин буда, ки ҳангоме, ки автобус истоду дарашро боз карданд, ҳаво ба дарунаш даромада, ки оташро доман зада ва роҳи бурунрафти мусофиронро баста аст”, — тавзеҳ дод Тургумбоев.

Вай афзуд, дар роҳрави даруни автобус бори мусофиронро ҷо карда буданд, ки роҳро комилан баста буд.

Лентаи хабарҳо
0