Генерал Раҳимзода бо супориши раисҷумҳур ба Данғара рафт

© Фото : Аз ВКДБоздиди Раҳимзода аз сохтмони Коллеҷи оташнишонии Данғара
Боздиди Раҳимзода аз сохтмони Коллеҷи оташнишонии Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар асоси дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сафар намуда, аз рафти корҳои сохтмонии Коллеҷи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Данғара боздид кардааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки зимни  боздид Вазири корҳои дохилӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, бо сохтмончиёну масъулини иншооти мазкур ҳамсӯҳбат шудааст.

"Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба масъулини соҳа ҷиҳати босифат ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта ба истифода додани Коллеҷи мазкур як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод", омадааст дар хабарнома.

© Фото : Аз ВКДСохтмони Коллеҷи оташнишонӣ дар Данғара
Сохтмони Коллеҷи оташнишонӣ дар Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони Коллеҷи оташнишонӣ дар Данғара

Манбаъ меафзод, ки сохтмони Коллеҷи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар заминҳои фонди махсуси ҳудуди ҷамоати "Корез"-и ноҳияи Данғара аз моҳи августи соли 2017 оғоз гардида, бомаром идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала