Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Қӯрғонтеппаро Бохтар номид

© Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи номгардонии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд ва бархе аз ноҳияву шаҳраку деҳаҳои вилояти Хатлонро имзо кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, бар асоси қарори Ҳукумати ҶТ шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд ва ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён номгардон мешаванд.

Умед Джайхони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қӯрғонтеппа: чаро набояд маркази вилояти Хатлонро Бохтар номид?

Дар ноҳияи Восеъ шаҳраки Восеъ ба Ҳулбук ва деҳаи Қурбоншаҳид дар деҳоти Гулистон ба Меҳробод номгардон мешаванд.

Дар ноҳияи Ёвон деҳаи Шота Руставелӣ дар ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯр дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ба Боғдара ва деҳаи Будинобод дар ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова ба Зарриндашт номгардон карда шуданд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала