Мудир 400 ҳазор сомонии сохтмони мактабро дуздид

© Sputnik / Дмитрий АстаховЧиновник выходит из кабинета
Чиновник выходит из кабинета - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудири ширкати "Наимӣ" ба иттиҳоми дуздии маблағҳои сохтмони мактаб дар намуди махсусан калон муттаҳам мешавад. Нисбати вай парвандаи ҷиногӣ боз шудааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти директори ҶДММ "Наимӣ" бо ҷурми тасарруфи молу мулки ғайр дар ҳаҷми махсусан калон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам — Маҳмаднаим Наимов ҳангоми дар вазифаи директори ҶДММ "Наимӣ" кор карданаш дар иншооти сохтмони бинои мактаб барои 624 ҷой дар ду баст дар деҳаи Навдӣ, ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт дар давоми моҳи августи соли 2015 то моҳи сентябри соли 2017 дар 23 ҳолат дар санадҳои иҷрои корҳо ба изофанависӣ роҳ дода, беш аз 400 ҳазор сомониро (405770.12 сомонӣ) тасарруф намудааст.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мудири "Тоҷикпромбонк" ба иттиҳоми дуздии маблағҳои ҳангуфти бонк дастгир шуд

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Маҳмаднаим Наимов бо моддаи 245 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Пештар Ожонси мубориза бо фасод хабар дода буд, ки ду афсари шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсанзода — Қамариддин Орифзода, сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шаҳри Турсунзода ва капитани милиса Акбар Ҷонбобоев боздошт шудаанд.

 Қамариддин Орифзода ва нозири минтақавии маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода капитани милитсия Акбар Ҷонбобоев аз шаҳрванд "А" ба ивази аз боздоштгоҳ озод кардани бародараш 8 ҳазор сомонӣ пора талаб кардаанд.

Кормандони Ожонс Орифзодаро пас аз гирифтани пора аз шаҳрванди "А" ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0