Арабҳо бо ҳунарҳои тоҷикӣ шинос шуданд ва оши палав хурданд

Дар чорабинии "Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии тоҷик дар АМА" анвоъи гуногуни таъомҳои тоҷикӣ, аз ҷумла оши палов, инчунин асал, меваҳои хушк ва дигар маҳсулоти ғизоии истеҳсоли ватанӣ ба маъраз гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар Аморати Муттаҳидаи Араб "Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии тоҷик" ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ин чорабинӣ 21январи соли 2018 оғоз гардида, ба соли "Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар Тоҷикистон бахшида шудааст. 

"Маросими ифтитоҳи "Ҳафтаи ҳунарҳои мардумӣ" бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии кишвари иқомат, сафирону намояндагони корпуси дипломатӣ ва тоҷикони муқими АМА баргузор гардида, дар он Директори Департаменти фарҳанги Шарҷа Абдулазиз ал-Мусаллам ҳамроҳ бо Сафири Тоҷикистон дар АМА Шарифӣ ва Сарконсулӣ дар Дубай Сафарзода ширкат доштанд",- гуфта мешавад дар хабар.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур - Sputnik Тоҷикистон
Рақсу суруд ва оши палав: Сафорати Тоҷикистон дар Русия Истиқлолро ҷашн гирифт

Дар ҳафтаи ҳунарӣ ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, аз ҷумла кулолгарӣ, кордсозӣ, адрасу атласбофӣ, чакандӯзӣ ва сӯзанӣ, сангҳои қиматбаҳо, чӯбтарошӣ, ҳунари заргарӣ, қолинҳои дастбофт ва ғайра иштирок намуда, маҳсули дасти худро ба маъраз гузоштанд.

Дастаи ҳаваскорону мутрибони ансамбли фолклории "Помир" ва ансамбли рақсии "Базморо" баҳри ҳозирин оҳангу сурудҳои мардумӣ ва рақсҳои гуногунро иҷро намуданд.
Дар чорабинии мазкур анвоъи гуногуни таъомҳои тоҷикӣ, аз ҷумла Оши палов, инчунин асал, меваҳои хушк ва дигар маҳсулоти ғизоии истеҳсоли ватанӣ ба маъраз гузошта шуд.

Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷик то 25 январи соли ҷорӣ идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала