Агентии хизмати давлатӣ мансабдорони "тағодор"-ро ошкор кардааст

Дар Тоҷикистон чанд ҳолати риоя нагардидани қонунгузории хидмати давлатӣ ҳангоми интихоби кадрҳо барои мансабҳои маъмурии хидмати давлатӣ ошкор шудааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Агентии хизмати давлатӣ мансабдори "тағодор"-ро ошкор кардааст. Дар ин бора мудири Ожонси хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар додааст.

Ҳамин тавр, чунин ҳолатҳо дар соли 2017 дар вазоратҳои кишоварзӣ, адлия (Саридораи нотариалии давлатӣ, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, раёсатҳои адлияи вилоятҳо), энергетика ва захираҳои об,Ожонси обуҳавошиносӣ, Ҳукумати шаҳрҳои Панҷакент, Истиқлол, Истаравшан, Кӯлоб, ноҳияҳои Мастчоҳ, Деваштич, Айнӣ, Восеъ, Ховалинг, Ҷаббор Расулов, Хуросон, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Вахш, Ваҳдат, Лахш, мақомоти худидоракунии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Қубодиён ва Ёвон ошкор гардиданд.

"Аз ҷумла, дар Ҳукумати Панҷакент, Кӯлоб, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа ва Мурғоб бар хилофи талаботи Низомномаи мазкур баъзе озмунҳо бе иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардида, муҳлатҳои муқарраршудаи гузаронидани озмунҳо ба инобат гирифта нашуда, дар эълони озмунҳо талаботи тахассусӣ, маоши мансабӣ ва муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо нишон дода нашудааст. Инчунин эълони озмун барои ҷойгир намудан дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, пешниҳод нагардидааст",- гуфтааст Ҷумъа Давлатов.

Ҷаласа дар ВКД - Sputnik Тоҷикистон
Барканории мансабдорон: ба амниятиҳо натиҷаи нақзи қонуни танзимро фаҳмониданд

Дар Агентии обуҳавошиносӣ, мақомоти нотариалӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳ, Деваштич, Хуросон, Қубодиён ва Ёвон дар баъзе ҳолатҳо қабули кормандони давлатӣ бе озмун сурат гирифта, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо талаботи тахассусӣ, аз ҷумла, доштани таҳсилоти зарурӣ ба эътибор гирифта нашудааст.

Афзун бар ин, дар Агентии обуҳавошиносӣ 7 ҳолати бе риояи талаботи тахассусӣ ва бидуни озмун таъйин гардидани шахсони ғайриихтисос ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ошкор гардида, дар натиҷа аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ дар хусуси бекор намудани фармоишҳои таъйин, аз нав ҷобаҷогузории кадрҳо ва доир намудани озмуни нав масъалагузорӣ карда шуд.

Дар мақомоти нотариалӣ 9 нафар бидуни баргузории озмун ба мансабҳои баландтар таъйин карда шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон соли 2016 12 нафар ва соли 2017 17 хизматчии давлатиро бе озмун ба мансабҳои хизмати давлатӣ таъйин намудаанд, ки талаботи тахассусӣ ба инобат гирифта нашудааст.

Бино ба маълумоти Ҷумъа Давлатов, мувофиқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар дар солҳои 2015-2016 бе озмун ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия таъйин намудани шаҳрвандон раисони ҷамоатҳои деҳоти Ҷиргатол, Сурхоб ва Пилдони ноҳияи Лахш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала