Назарбоев Путинро аз қарордодҳояш бо Амрико огоҳ кард

Дар раванди сафари Нурсултон Назарбоев ба Вашингтон, Қазоқистон ва Амрико қарордодҳое барои хариди чанд фарванд ҳавопаймои мусофирбарӣ ва даҳҳо дастгоҳ локомотив ба арзиши 5,5 милёрд дулор имзо карданд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раҳбарони Қазоқистон ва Русия Нурсултон Назарбоев ва Владимир Путин дар гуфтугӯи телефонӣ бар афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф таъкид карданд.

Президент Казахстана Нурсултан Назарбаев и президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Назарбоев ба Трамп: ман аз Шумо серфарзандтарам

Ба гузориши Sputnik Қазоқистон, дар ин тамоси телефонӣ, сарони ду кишвар ҳамчунин вазъи феълӣ ва чашмандози ҳамкории Қазоқистону Русия ва ҳамчунин корёриҳо дар чорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Уросиёро баррасӣ карданд.

Назароев ва Путин дар бораи масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ ва низ раёсати давраии Қазоқистон дар Шурои амнияти Созмони милали муттаҳид табодули назар карданд.

Раисҷумҳури Қазоқистон дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳамчунин раҳбари Русияро аз натоиҷи сафараш ба Амрико огоҳ кард, ки 16 – 18 январ баргузор шуда буд.

Дар ин сафари расмии Нурсултон Назарбоев ба Амрико, ду кишвар қарордодҳои хариду фурӯши чанд фарванд ҳавопаймои мусофирбарӣ ва даҳҳо дастгоҳ локомотив ба арзиши 5,5 милёрд дулор имзо карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала