Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV бо пайравонаш дар Дубай дидор мекунад

© AP / Steven SenneПринц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV дирӯз ба Дубай сафар кардааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ба гузориши рӯзномаи дубаии Khaleej Times, ин сафар бо даъвати амири Дубай шайх Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум, нахуствазир ва ноиби раиси Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, сурат гирифтааст.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳзода Карим Оқохон яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони ислом шинохта шуд

Гуфта мешавад, ки дар фурӯдгоҳи Дубай Шоҳ Карим ал-Ҳусайниро вазири тасомуҳ шайх Наҳён бин Муборак Оли Наҳён ва вазири кишвар дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ хонум Рим бинти Иброҳим ал-Ҳошимӣ пешвоз гирифтаанд.

Шоҳзода Карим Оқохон дар ин сафар бо раҳбарони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дидор ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногунро баррасӣ хоҳад кард.

Қарор аст, ки Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV имрӯз дар Дубай бо пайравонаш низ дидор кунад.

Лентаи хабарҳо
0