Рафтори мухлисони футбол танзим мешавад: дар Тоҷикистон

© SputnikЗдание парламента Таджикистана, архивное фото
Здание парламента Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Минбаъд қоидаҳои таъмини амнияти мусобиқаҳои расмии варзишӣ, қоидаҳои рафтори мухлисон ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои расмии варзишӣ, стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ танзим хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик тарҳи қонунҳои ҶТ "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", "Дар бораи тайёрии варзишӣ" ва  Кодекси меҳнати Тоҷикистонро ислоҳ кунад.

Ин масоил 22 январ дар ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шудаанд.

Аз ҷумла, тарҳи Қонуни ҶТ "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" минбаъд қоидаҳои таъмини амнияти мусобиқаҳои расмии варзишӣ, қоидаҳои рафтори мухлисон ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои расмии варзишӣ, стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ, тасдиқ ва муайян намудани номгӯи чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба тарбия ҷисмонӣ ва варзишро ба танзим медарорад.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ислоҳи қонунҳо ташаккули соҳаи варзиш, кафолати давлатии рушди оммавии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки тарҳи қонунҳои мазкур хусусияти таҳрирӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0