Баҳси нуқтаҳои савдо дар "Суғдиён": Аҳмадзода 85 мушкили мардумро ҳал кард

Обуна шудан
Мардум аслан бо масоили саҳми замин, манзил, таъмин шудан бо оби нӯшокиву полезӣ, ҷойи корӣ, ҳимояи ҳуқуқ, дарёфти кӯмаки молиявӣ, инчунин 35 нафар оид ба ҳалли баҳси нуқтаҳои савдо дар ҶДММ "Суғдиён" ба раиси вилоят муроҷиат кардаанд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии вилояти Суғд хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо рӯзи 20 январ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шаҳрвандонро қабул кардааст.

"Сокинон асосан бо масъалаҳои марбут ба саҳми замин, манзил, таъмин шудан бо оби нӯшокиву полезӣ, ҷойи корӣ, ҳимояи ҳуқуқ, дарёфти кӯмаки молиявӣ, инчунин 35 нафар оид ба ҳалли баҳси нуқтаҳои савдо дар ҶДММ "Суғдиён" муроҷиат намуданд", —омадааст дар хабарнома.

Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз супоришҳои раисҷумҳур: Аҳмадзода камбудиҳои масъулини вилояти Суғдро ошкор кард

Дар ин рӯз 135 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо 85 масъала ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намудаанд.

Теъдоди зиёди муроҷиаткунандагон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд (25 нафар), Бобоҷон Ғафуров (21 нафар), Мастчоҳ (8 нафар), Деваштич (5 нафар), Спитамен (4 нафар), Панҷакент (3 нафар) буданд. Ҳамзамон аз Истаравшан, Куҳистони Мастчоҳ, Ашт, Айнӣ, Зафаробод, Истиқлол, Исфара, Гулистон, Бӯстон Ҷаббор Расулов низ сокинон ба қабули иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят омаданд.

Дар ҷараёни қабул Раҷаббой Аҳмадзода арзу шикоятҳои ҳар як муроҷиаткунандаро шунида, масъулини соҳаҳои дахлдорро барои ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон вазифадор намуд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳалли мушкилоти мардум яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят ба ҳисоб меравад ва аз ин лиҳоз, ҳар як муроҷиати сокинон бояд саривақтиву мунсифона баррасӣ карда шавад.

Иттилоъ дода шудааст, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти мардум ва шиносоӣ бо вазъи минтақаҳои гуногуни вилоят бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят дар шаҳру ноҳияҳо бо усули равзанаи ягона рӯзҳои қабули шаҳрвандон ташкил карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0