Эмомалӣ Раҳмон бо миллат ва давлати Ҷумҳурии Корея ҳамдардӣ кард

© Sputnik / Григорий Сысоев /POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите лидеров БРИКС
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите лидеров БРИКС - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба раисҷумҳури Корея Мун Ҷэ Ин ҳамдардии давлату миллати Тоҷикистонро бо миллату давлати Корея эълом кард

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба раисҷумҳури Корея Мун Ҷэ Ин барқияи таслият ирсол кард.

Дар ин барқия, ки дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон матнашро мунташир кардааст, гуфта мешавад:

“Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳузнангези ҷон бохтан ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандон  бар асари сар задани сӯхтор дар яке аз бемористонҳои шаҳри Милян боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин фоҷеаи ғамангез ҳамдардиву таслияти самимии худро ба пайвандону наздикони ҷонбохтагон изҳор менамоем ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем”.

Бино бар охирин хабарҳо, дар паи сар задани сӯхтор дар бемористоне дар шаҳри Милян 41 кас ҷон бохта ва 79 кас захм бардошта аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала