Узбакистон нахустин моҳвораашро ба кайҳон партоб мекунад

Узбакистон барномаҳои роҳбурдиеро омода мекунад, ки яке аз онҳо партоби нахустин моҳворааш ба кайҳон аст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Тошканд барномарезӣ дорад, ки нахустин моҳвораашро ба кайҳон партоб кунад, гуфт вазири пешрафти навоваронаи Узбакистон Иброҳим Абдураҳмонов.

Ин моҳвора дар наздиктарин замон партоб хоҳад шуд, гуфт вай, аммо торихи дақиқеро ёд накард ва нагуфт, ки кадом кишвар онро партоб мекунад.

“Раисҷумҳур Мирзиёев дар паёмаш ба маҷлис дуруст ёдоварӣ кард, ки Узбакистон ҳама дастовардҳояш дар арсаи ҳавоӣ ва кайҳониро аз даст додааст. Дар 25 соли гузашта дар ин замина ҳеч коре нашуд. Вале акнун барномаҳои роҳбурдиеро омода мекунем, ки яке аз онҳо партоби моҳвора дар наздиктарин замон аст”, — гуфт Абдураҳмонов.

Пештар хабар дода будем, ки давлати Узбакистон ба вазорату созмонҳояш дастур додааст барномаи роҳбурдии бунёди саноеъи ҳавоӣ-кайҳониро барои солҳои 2018 – 2035 омода кунанд.

Кадры первого запуска ракеты со спутниками с космодрома Восточный - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон саноеъи ҳавоӣ-кайҳонӣ бунёд мекунад

Дар поёни соли 2017 раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев соли 2018-ро “Соли корофаринӣ ва фанновариву навоварӣ” эълом кард ва дастур дод то давлат барномае дар ин замина омода кунад.  Барномаи роҳбурдии бунёди саноеъи ҳавоӣ-кайҳонӣ барои солҳои 2018 – 2035 дар пешнависи барномаи давлатии Узбакистон барои соли 2018 оварда шудааст.

Ин барнома вазорату созмонҳои давлатиро масъул карда, ки роҳбурди таъсиси саноеъи ҳавоӣ-кайҳонӣ барои солҳои 2018 – 2035-ро омода кунанд. Чунончи, дар назар гирифта шуда, ки Созмони саноеъи ҳавофазо ташкил дода шавад.

Бино бар ин барнома, саноеъи ҳавофазои Узбакистон бар пояи Корхонаи ҳавопаймосозии Тошканд бунёд хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала