Бештари ҷавонони тоҷик ҳуқуқшинос ва пизишк шудан мехоҳанд

Довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон риштаҳои ҳуқуқшиносӣ ва пизишкиро тарҷеҳ медиҳанд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Хуршед Икромӣ, мудири Маркази миллии тестии Тоҷикистон дар конфронси хабарӣ эълом кард, интихоби риштаҳои пизишкӣ ва ҳуқуқшиносӣ ва ваколат аз сӯйи аксари касоне, ки моил ба вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳастанд, дар соли 2017 низ дар аввлавият қарор дошт ва тахассусҳои фаннӣ ҳанӯз ҳам дар байни ҷавонони кишвар мавриди бетаваҷҷуҳӣ қарор дорад.

Мудири Маркази миллии тестии Тоҷикистон бо ишора ба ин ки дар соли 2017 аз 96 ҳазору 500 донишомӯз, ки барои вуруди донишгоҳҳо сабти ном карда буданд, 69 ҳазору 200 нафар бо касби болотарин нумраҳо дар марокизи омӯзиши олии Тоҷикистон пазируфта шудаанд, афзуд, дар ин сол теъдоди мутақозиёне, ки моил ба таҳсил дар риштаҳои ҳуқуқ ва пизишкӣ буданд, ду баробар бештар аз барномаи пазириш буд.

Хуршед Икромӣ ҳамчунин гуфт, роҳандозии озмунҳои онлайнӣ қабл аз озмуни расмӣ, афзоиши теъдоди духтарони мутақозии вуруд ба муассисоти омӯзиши олӣ, афзоиши нуқоти марокизи сабти ном ва озмуни саросарӣ аз дастовардҳои Маркази миллии тестии Тоҷикистон дар соли гузашта буд.

Бино ба иттилои масъулони Маркази миллии тестии Тоҷикистон, дар соли 2018 ин марказ эҷоди ҳеҷ навоварӣ дар пазириши довталабонро дар назар надорад ва теъдоди муассисоти омӯзиши олӣ ва тахассусӣ низ тағйир накардааст.

Бар асоси пешбиниҳои Маркази миллии тестии Тоҷикистон интизор меравад теъдоди донишҷӯёни муассисоти омӯзиши олӣ дар кишвар дар соли ҷадиди 2018 беш аз 100 ҳазор нафар афзоиш ёбад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала