Узбакистон барои обёрии заминҳои Тоҷикистон об медиҳад

Узбакистон манбаъд барои обёрии заминҳои корами ноҳияи Ашт дар зимистон об медиҳад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Узбакистон барои обёрии заминҳои Тоҷикистон дар зимистон об медиҳад, дар ин бора дар рафти нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо  хабар дод.

Бино бар иттилои раиси ноҳия, об аз Узбакистон минбаъд барои обёрии заминҳои ноҳияи Ашт дар зиимистон тариқи канали Фарғона ворид хоҳад шуд.

"Айни ҳол об ба мо аз канали Фарғона ҷорӣ мешавад. Мо якҷоя бо Узбакистон шаш километри каналро тоза кардем",- қайд кард Зариф Мирдадо.

Ба гуфтаи вай,об аз канали Фарғона ба ноҳияи Ашт аз охирҳои соли 2017 ҷорӣ мешавад ва то имрӯз он 5 кубро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала