Ҷанги Туркия бо курдҳо: духтаре дар Африн худро зери танк андохту онро нобуд кард

© AP / Uncredited, IHA Турецкая армия переходит границу с Сирией
Турецкая армия переходит границу с Сирией - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои Туркия ҳамлаҳои ҳавоии худро дар Африн шадидтар кардаву ҷони ҳазорон касро дар хатар андохтаанд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Даргирӣ миёни артиши Туркия ва нерӯҳои курд дар бисёре аз нуқоти Африн ҳамчунон идома дорад.

Яке аз ингуна нуқот пуштаи Костол аст, ки ба далели аҳамияти роҳбурдияш, сахттарин даргириҳо онҷо рух медиҳанд.

Дар яке аз ингуна даргириҳо Авесто Хабур ном духтари 20-сола худро зери танки туркӣ андохтаву онро нобуд кардааст. Авесто яке аз размандагони “Ягонҳои посдори занона” буд, ки дар Африн бо нерӯҳои зиреҳии Туркия набард доранд.

Артиши Туркия эълом карда, ки дар раванди амалиёти “Шохаи зайтун” аз 20 январ то кунун 484 нерӯи курдро нобуд кардааст.

Лентаи хабарҳо
0