Эмомалӣ Раҳмон фаро расидани ҷашни Садаро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт

Обуна шудан
Раисҷумҳур Раҳмон дар паёме, ки аз шабакаҳои телевизюнии саросарӣ пахш шуд, фаро расидани ҷашни Садаро ба мардуми Тоҷикистон самимона табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёме телевизюнӣ, ки дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур матнашро мунташир кардааст, фаро расидани ҷашни Садаро ба шаҳрвандони Тоҷикистон табрик гуфт.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи таҷлили ҷашни Сада

Кишвардори Тоҷикистон дар бахше аз ин паём ба пешинаи ҷашни Сада дар ториху фарҳанги ниёкони тоҷикон ишора карда ва онро яке аз “ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик” хондааст.

“Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд”, — таъкид кардааст Раҳмон.

Вай ёдоварӣ кард, ки дар замони истиқлол ҷашни Сада баробари Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллӣ дар қонунгузории кишвар сабт шуд.

“Ба муносибати фаро расидани ин ҷашни бостонӣ – мероси арзишманди маънавии ниёгони некномамон кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди миллат гармиву нур ва рӯзгори пурсаодат орзу менамоям”, — гуфт раисҷумҳур Раҳмон.

Ҳамзамон раисҷумҳур умедвор шуд, ки мардум дар баробари риояи суннатҳои ин ҷашни бостонӣ муқаррароти Қонуни танзими ҷашну маросимро низ фаромӯш нахоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар бахше дигар аз ин паём ҷашни Садаро “рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии хуршеди оламтоб” хонда ва онро намоди “пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ” донист.

Вай ёдорварӣ кард, ки маросиму ҷашнҳои миллӣ аз аҳди бостон то ба имрӯз ҳамчун воситаи пайванди наслҳо хизмат кардаанд ва афзуд: “Мо вазифадорем, ки дар баробари риояи анъанаҳои дерина ба онҳо шаклу мазмунҳои нави мутобиқ ба замони соҳибистиқлолиро ворид намоем ва онҳоро ба талаботи замон ва завқи имрӯзиён мувофиқ гардонем”.

Раисҷумҳур ҳамчунин гуфт “бовар дорад, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад”.

“Ҷашни бостонии Садаро бори дигар ба кулли ҳамдиёрони гиромӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат ва шодмониву пирӯзӣ орзумандам. Ҷашни Сада муборак, ҳамватанони азиз!”, — гуфт дар фарҷоми паёмаш раисҷумҳури Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0