Аҳволи вазнини ду тоҷики дар сӯхтори Красногорск осебдида

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкПациент в больничной койке, архивное фото
Пациент в больничной койке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар паи сӯхтор захм бардоштанд, яке дар бемористони Любертси ва дигар дар табобатхонаи рақами 1 Красногорск бистарӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Аҳволи ду тоҷикистоние, ки дар паи сӯхтор дар Красногорск ҷароҳат бардоштанд, вазнин аст.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати тандурустии минтақавӣ хабар меҳидад.

"Дар ҳоли ҳозир дар бемористони вилояти Маскав ду захмӣ бистарӣ аст: яке дар бемористони пӯсти Любертси ва дигаре дар табобатхонаи рақами 1 Красногорск. Вазъи ҳар ду вазнин арзёбӣ мешавад. Ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонида мешавад", — гуфт раҳбари дастгоҳ Дмитрий Марков.

Пештар хабар дода шуд, ки дар паи сӯхтор дар Красногорск чаҳор шаҳрванди Тоҷикистоон ҷон бохтанд. Сӯхтор рӯзи якшанбе дар яке аз манзилҳои баландошёнаи ин манотиқ ба вуқӯъ пайваст.

Ду кас дар ҷои ҳодиса ҳалок шуду, ду тан дар бемористон ҷон бохтанд. Ду каси дигар дар ҳоли ҳозир дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Аз рӯи қазияи сӯхтор парванди ҷиноӣ боз шудаасту сбабҳои сӯхтор муайян крада мешавад.

Лентаи хабарҳо
0