Марзбонони узбак чӯпони қирғизро захмӣ карданд

© AP / EFREM LUKATSKYУзбекский пограничник, архивное фото
Узбекский пограничник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Марзбонон гуфтаанд, ки чун вақти шом буд, онҳо дар торикӣ кӣ будани марзшиканро фарқ накарданд

ДУШАНБЕ, 29 янв— Sputnik. Марзбонони узбак ба сӯи шаҳрванди Қирғизистон тир кушодаанд. Дар ин бора равобити умумии Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад. ки марзбонон маҷбур шуданд аз силоҳ истифода кунанд, чун марзшикан дар вақти боздошт кӯшиши фирор ба сӯи Қирғизистонро кардааст. марди боздоштшуда чӯпон будааст.

"Талаботҳои марзбононро шаҳрванди Қирғизистон эътибор надод, чун вақти шом буд дар торикӣ марзбонон натавонистаанд, шаҳрванди Қирғизистон будани ӯро дониста бошанд", — омадааст дар хабарнома.

Пои чапи чӯпон аз тири марзбонон захм бардоштааст. Ӯро ба бемористони Чусти Узбакистон бурдаанд. Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии чӯпон хуб арзёбӣ мешавад. Дар ин росто Хадамотҳои марзбонии ҳар ду кишвар тафтишоти ҷиноӣ мебаранд.

Марзбонони Узбакистон моҳи декабри соли 2017-98 ҳолати марзшиканӣ аз ҷумла қочоқи маводи мухадирро пешгирӣ кардаанд.

Ба гуфти намояндагони Кумитаи ҳифзи марзи давлатӣ бештари марзшиканон дар сарҳад бо Қазоқистон (51) ва Қирғизстон (42) боздошт шудаанд. Панҷ марзшикани дигар дар сарҳад бо Туркманистон боздошт шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0