Раисҷумҳур ба мудири боғчаи кӯдакон худрав туҳфа кард

© Пресс-служба президента РУзШавкат Мирзиёев побывал в частном дошкольном образовательном учреждении в Шахрисабзе
Шавкат Мирзиёев побывал в частном дошкольном образовательном учреждении в Шахрисабзе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур дастур дода, ки дар Шаҳрисабз ба монанди кӯдакистони "Вундеркинд" боз 25 боғчаи дигар сохта шаванд

ДУШАНБЕ, 29 янв— Sputnik. Дар чаҳорчӯби сафари корӣ ба вилояти Қашқадарё Шавкат Мирзиёев аз боғчаи "Вундеркинд" боздид кардааст.

Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбакистон хабар медиҳад.

Дар ин муассисаи томактабӣ кӯдакон забони англисӣ аз худ мекунанду кор бо компютерро меомӯзанд.

Раисҷумҳур шароити муассисаи то мактабиро баҳои баланд доду дастур додааст, ки дар Шаҳрисабз ба монанди кӯдакистони "Вундеркинд" боз 25 боғчаи дигар сохта шаванд.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин ба мудири боғча Шаҳноза Холмаҳмадова худрави истеҳсоли ватанӣ туҳфа кардааст.

Ба гуфти раисҷумҳур ҳадафи аслии чунин муассисаҳо омода кардани кӯдакон ба мактаб мебошад.

Зимни ин сафар ҳамчунин рӯнамоии тарҳи бунёди кӯдкистонҳои давлатӣ дар ҳудуди Қашқадарё баррасӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0