Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, дар соли 2018 кадом иншоотҳои муҳимро таъмину азнавсозӣ мекунад

© Сайт города ХуджандМаъруф Мухаммадзода мэр города Худжанда, архивное фото
Маъруф Мухаммадзода мэр города Худжанда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар рафти нишасти матбуотӣ аз дастовардҳои шаҳр дар соли 2017 нақл кард ва нақшаҳои шаҳрдориро дар соли равон бозгӯӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд гузориш медиҳад, чанде пеш дар толори Ҳукумати шаҳр бо ширкати раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар он 40 рӯзноманигори дохиливу хориҷӣ ширкат доштанд.

"Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2017 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  дар самти суръатбахшии истеҳсолот, пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ чораҳои амалӣ андешида, ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ устуворӣ ва тақвият бахшида шуд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар рафти сухарони ҳамчунин раиси шаҳр иттилоъ дод, ки дар соли 2018 кадом иншоотҳои муҳимро таъмир ё азнавсозӣ хоҳад кард.

Ҳамин тавр, бино бар иттилои шаҳрдор, дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2018  таъмиру азнавсозӣ ва ба истифодадиҳии як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла "Қалъаи Хуҷанд", боғи "Дӯстии халқҳо", гимназияи №1, муассисаи таҳсилоти томактабии №28, меҳмонхонаи замонавии "Парламент" ва ғайраҳо пешбинӣ гардидааст.

Ярмарка для милицинеров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Картошкаву гӯшти арзон: дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи хӯрокворӣ баргузор мешавад

Дар зимн, раиси шаҳр афзуд,  "Аз ҳисоби ба кор андохтани механизми шарикии рушд тавассути ҳамкориҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ 23,7 миллион доллари амрикоӣ сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб карда шуда, танҳо сармоягузории дохилӣ дар муқоиса бо соли пешина 2,1 маротиба афзуда, сармояи хориҷӣ бошад 15,3 дар сад зиёд шудааст.

Дар самти бунёдкорию созандагӣ зиёда аз 64967 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта шуда, ҳаҷми маблағгузории асосӣ дар соҳаи сохтмон ба 182,4 млн. сомонӣ расида, ба маблағи 190,0 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд".

Таъкид шуд, ки бо мақсади дар сатҳи ба талаботи муосир ҷавобгӯй будани роҳҳо, дар ин давра 98 кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба масоҳати 31509 м2. ё 44,82 километр роҳҳо корҳои таъмиру мумфаршкунӣ ба сомон расонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала