Ҷанҷол дар микроавтобус дар Хуҷанд: як мусофири мастро то мурдан заданд

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина показывает разбитый кулак, архивное фото
Мужчина показывает разбитый кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Як мусофири мастро дар дохили микроавтобусе дар Хуҷанд сахт лату кӯб кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВУД хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия ҳангоми бозҷӯӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

"Номбурда, 26-уми январи соли равон, тахминан соати 15:40-дақиқа, ҳангоми дар дохили микроавтобуси хатсайри "Хуҷанд-Учбоғ" қарор доштанаш, бо марди 35-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ҷангу ҷанҷол карда, ҳангоми ба истгоҳи "Универмаг"-и шаҳри Хуҷанд расидан, ӯро аз микроавтобуси мазкур фароварда, луту кӯб намудааст",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Мувофиқи хулосаи ташхиси тиббӣ ҷароҳати гирифтаи номбурда зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.

Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала