Ярмарка фурӯши маҳсулот дар Масчо

© Фото : пресс служба МВД РТЯрмарка для милицинеров, архивное фото
Ярмарка для милицинеров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Масчо ба ифтихори ҷашни Сада ярмарка фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки бахшида ба иди Сада бо ибтикори ҳокимияти ноҳияи Масчо дар маркази ноҳия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки дар ярмаркаи мазкур маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон гардонидааст.

Аз ҷумла, 1 кг гӯшт бо нархи 30 сомонӣ, 50 кг орди навъи аъло 125 сомонӣ, 1 кг пиёз 2 сомонӣ, 1 кг картошка 2 сомонӣ, 1 кг равған 9 сомонӣ арзиш дошт ва сокинон маводи зарурии худро бо нархҳои нисбатан арзон харидорӣ карданд.

Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Масчо, зимни боздид аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал гуфтааст, ки иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа амалӣ карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала