Кайфари қочоқи маводи мухаддир - 19 сол зиндон

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванд Ҷамолиддин Муҳиддиновро ба ҷурми қочоқи 136,4 килуграм ҳеруин маҳкум ба 19 сол ҳабс кард

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Додситонии кулли Тоҷикистон, Ҷамолидин Муҳиддинов ва шариконаш Ҷ. Яқубов ва Ф. Файзиев аз феврали соли 2005 даст ба қочоқи маводи мухаддир, бавижа ҳеруин, зада будаанд.

Додгоҳ собит карда, ки моҳи феврали соли 2005 Яқубов Ҷ.Т. дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз “Абдухолиқ” ном шаҳрванди 136,466 кг ҳеруинро ба нархи 40 ҳазор дулори ИМА харида ва дар худрави “Ниссан Максима” ба шаҳри Душанбе бурда будааст.

Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2017: КДАМ аз қочоқчиён 1740 кг маводи мухаддир мусодира кард

Сипас Муҳидинов ва Яқубов ин маводи мухадирро ба манзили Файзиев дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Нишони Ленин, хонаи №22 бурдаву пинҳон кардаанд.

Кормандони нерӯҳои интизомӣ 7 феврали соли 2005 ин маводи мухаддирро дар манзили Файзиев пайдо карда ва боз ситондаанд.

Додгоҳи ноҳияи Рудакӣ 24 январи соли 2018 Ҷамолиддин Муҳидиновро ба ҷурми муомилаи ғайриқонунии  маводи мухаддир ва равонгардон маҳкум ба 19 сол ҳабс дар зиндони шадиднизом кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала