Тоҷикистон порсол аз созмонҳои хориҷӣ беш аз 850 млн сомонӣ грант дарёфт кардааст

© Sputnik / Махпора КиромоваМинистр юстиции Таджикистана Рустами Шохмурод
Министр юстиции Таджикистана Рустами Шохмурод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон бо пуштибонии созмонҳои мардумниҳод камобеш 100 милюн дулор грант дарёфт кардааст

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2017 аз созмонҳои хориҷӣ барои пуштибонӣ аз фаъолияти иттиҳодияҳои иҷтимоъӣ 854 милюну 117 ҳазор сомонӣ баробар бо 97 млн дулор грант дарёфт акрдааст, хабар медиҳад ТоҷикТА.

“Аз ин маблағ 22 млн дулор барои бахши тандурустӣ, 18 млн 395 ҳазор дулор барои бахши маориф ва 5 млн 795 ҳазор дулор барои бахши кишоварзӣ ҷудо шудааст”, — гуфт сардори Идораи сабти давлатии созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати додгустарии Тоҷикистон Раъно Каримова.

Вазири додгустарии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод низ афзуд, ки беш аз 80 дарсад аз ин грантҳоро созмонҳову намояндагиҳои кишварҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, тақсим мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0