Нигаронии Шодихон Ҷамшед аз сифати пасти корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ

© Фото : Аз саҳифаи Нилуфар АсламшоеваРаиси ВМКБ
Раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази таъмилии сарбозон дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати ВМКБ  Нилуфар Асламшоева хабар медиҳад..

Шодихон Ҷамшед аз як қатор иншооти сохташавандаи ҳудуди шаҳри Хоруг боздид кардааст.

Зимни ошноӣ бо сифати корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии қисми низомии 0410-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ раиси вилоят аз сифати фарши хобгоҳи он изҳори нигаронӣ карда, ба намояндаи Хадамоти назорат дар соҳаи сохтмон дар вилоят ва дигар шахсони масъул дастур додааст, то вақти баистифодадиҳӣ ҷиҳати ба талаботи сохтмонӣ мутобиқ намудани он тадбирҳои амалӣ андешанд.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Фаъолони иҷтимоъӣ мехоҳанд Кӯҳистони Бадахшонро аз шароб пок кунанд

Раиси вилоят вобаста ба  хунук омадани фасли зимистон ба масъулин дастур додааст, ки барои таъмини хобгоҳ бо гармӣ чораҳои зарурӣ андешиданд.

Ҳамчунин раиси вилоят ва ҳайъати гурӯҳи корӣ бо сохтмони ошхона, ки барои зиёда аз 200 ҷой пешбинӣ гардидааст ва маркази интиқоли об ошно шуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастурҳо додааст.

Ҳангоми ошноӣ бо сохтмони Театри миллӣ дар шахри Хоруғ, Шодихон Чамшед гуфтааст, ки маблағҳои буҷетие, ки барои ин муассисаи бузурги фарҳангӣ ҷудо гардидаанд, бояд мақсаднок истифода бурда шаванд.

Ба масъулони соҳаи сохтмони вилоят ва шаҳри Хоруғ дастур дода шудааст, ки ҷиҳати таъмини машқгоҳҳои театри оянда бо системаи муайяни гармидиҳӣ ва рӯшноии муайян барои саҳна ва толори асосии театр санад монда, дар мувофиқа бо Дирексияи сохтомни иншооти ҳукуматии Дастгохи раисҷумҳур ва институти лоиҳакашӣ ба тарҳ тағйирот ворид созанд.

Лентаи хабарҳо
0