Раҳмон раисҷумҳури Қирғизистонро ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват кард

© Пресс-служба президента РТПрезидент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сооронбой Жээнбековро гарму самимӣ истиқбол гирифт

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро дар  Қасри миллат пешвоз гирифт.

Бино бар иттилои манбаъ, маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри миллат баргузор шуд.

"Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Лентаи хабарҳо
0