Белорус колоҳояшро дар шаҳри Душанбе ба намоиш мегузорад

© Фото : Пресс-служба МИД Республики ТаджикистанВстреча Посла с Председателем нижней палаты Парламента Беларуси
Встреча Посла с Председателем нижней палаты Парламента Беларуси - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намоишгоҳи колоҳои сохти Белорус дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ин намоишгоҳ ба манзури фаъол кардани тавонмандиҳои иқтисодиву бозаргонии ду кишвар дар соли 2018 баргузор мешавад, вале ҳадафаш на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсоя низ ҳаст.

Ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, баргузории намоишгоҳи колоҳои сохти Белорус дар шаҳри Душанбе дар дидори сафири Тоҷикистон дар Белорус Маҳмадшариф Ҳақдод бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорус Владимир Андрейченко баррасӣ шуд.

Дар ин дидор ҳамчунин баргузории 12-умин нишасти Кумисюни ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии Тоҷикистону Белорус низ баррасӣ шудаанд.

Ҳақдод пас аз ин дидор ба хабарнигорон гуфта, ки манзур аз баргузории намоишгоҳи колоҳои сохти Белорус дар шаҳри Душанбе на танҳо густариши ҳамкориҳои иқтисодиву бозаргонӣ миёни ду кишвар, балки бо дигар кишварҳои ҳамсоя низ ҳаст.

Лентаи хабарҳо
0