Амина: набояд касе занро маҷбур ба пӯшидани ҳиҷоб кунанд

Амина Шабанова
Амина Шабанова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарроҳ ва блогнавис Амина Шабанова дар бораи муносибати шахсиаш ба ҳиҷоб нақл кард

Имрӯз, 1 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҳиҷоб ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашнро пас аз пешниҳоди як донишҷӯдухтари бангладешии Амрико Назма Хан ҷорӣ карданд.

Вай 5  сол пеш дар ҳамин рӯз  аз тамоми занон, новобаста аз эътиқодашон даъват карда буд, ки як рӯз  ҳиҷоб ба бар кунанд, то эҳсос кунанд, ки занони ҳиҷобпӯш чӣ эҳсосе доранд.

Рӯзи ҳиҷоб дар кишварҳои мусалмонӣ, Русия ва Аврупо ҷашн гирфта мешавад.

"Ислом дастурҳои мушаххас медиҳад, ки зан бояд пӯшида бошад",- мегӯяд блогнавис, Амина Шабанова.

Шабанова: я сама надела хиджаб в 17 лет

 

 

Амина дар Маскав таваллуд шуда, ба воя расидааст. Вай вақте ки 17-сола буд, ҳиҷоб ба бар кард. Ба гуфтаи худаш, ӯро касе муҷбур накардааст, ки ҳиҷоб пӯшад, аммо касе зидди пӯшиши вай ҳам нашудааст.

"Бояд одатро аз дин фарқ кард. Дар Ислом маҷбурӣ нест ва ҳар касе маҷбур мекунад, кори нодурусте мекунад. Бояд ҳар нафар бо хоҳиши худ ин либосро ба бар кунад",- гуфт Амина Шабанова.

Ин духтар мегӯяд, ҳуқуқи занеро ки ҳиҷоб ба бар мекунад, бояд ҳифз кард.

Лентаи хабарҳо
0