Ҳукумати ВМКБ: мубориза бо шаробфурӯшӣ ду моҳ боз идома дорад

© Пресс-служба президента РТПредседатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду моҳ мешавад, ки ҳукумат ва фаъолони ҷомеаи Бадахшон бо фурӯши машруботи алкулии пастсифат мубориза мебарад

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфти Асламшоева, мубориза бо фурӯши маводҳои алкулӣ ва мадҳушкунандаи ғайристандартӣ ду моҳ боз дар вилоят идома дорад.

"Дар иҷлоисияи маҷлиси вакилони халқ дар бораи манъи пурраи фурӯши машруботи спиртии ғайристандартӣ ва мадҳушкунанда дар ВМКБ қарор қабул шуд", — гуфт Нилуфар Асламшоева дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Фаъолони иҷтимоъӣ мехоҳанд Кӯҳистони Бадахшонро аз шароб пок кунанд

Ба иттлоиъм манбаъ, ҳанӯз аз авохири моҳи ноябр дар назди ҳукумати вилоят гурӯҳҳои вижае ташкил шудаанд, ки махсус бо ҳамин масъала сару кор доранд. Дар баробари кормандони ҳукуматӣ ба ин гурӯҳҳо фаъолони ҷомеа, халифаҳо, ва раисони маҳаллаҳо низ ворид шудаанд.

Нилуфар Асламшоева мегӯяд, ки аз ҷониби ин гурӯҳҳо аллакай корҳои зиёде анҷом дода шудааст.

"Дар тамоми мағозаҳо ва ошхонаю тарабхонаҳое, ки машруботи спиртӣ ба фурӯш бароварда шудааст, рейдҳо баргузор шуданд ва миқдори бисёри машруботи пастсифат мусодира шуд".

Вай таъкид мекунад, ки фикри мубориза бо машруботи спиртии пастсифат дар ВМКБ иқдоми Шодихон Ҷамшед буд.

Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон порсол дар нишасте гуфта буд, ки кайфияти машруботи алкулие, ки дар вилоят фурӯхта мешавад, бисёр паст аст. Вай ҳамзамон омори тавлиду фурӯши машрубот дар вилоятро шубҳаовар хонда буд.

Шодихон Ҷамшед таъкид карда буд, ки фурӯши машруботи алкулӣ дар бозорҳои шаҳр ва наздик ба мактабу донишгоҳҳо мамнуъ шуда аст, вале дар шаҳри Хоруғ ва бархе аз рустоҳои вилоят акси ин ҳолро мушоҳида мекунем.

"Фурӯш бе қарори дахлдору бе литсензия ҳам ҷой дорад, ки аз назари мақомоти назоратӣ берун мондааст. Фурӯши машруботи пастсифату худсохт дар ҳамин нуқтаҳо бештар ба назар мерасад. Онҳо бо нархҳои аз 3 то 5 сомонӣ хеле бозоргиранд, вақте дар Душанбе нархи як шиша арақ аз 10 сомонӣ кам нест. Ин дар ҳолест, ки дар вилоят корхонаи истеҳсоли арақ расман вуҷуд надорад. Бо чунин зуҳурот мақомоти дахлдор ва аҳли ҷомеа бояд муборизаи беамон баранд", — гуфта буд вай.

Президент РТ Эмомали Рахмон в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Кӣ ҷавобашро медиҳад?: нигаронии раисҷумҳур аз заҳролудшавии як хонавода дар Восеъ аз ҳасиб

Асламшоева ёдоварӣ кард, ки мубориза бо маводҳои пастсифати озуқаворӣ пас аз таъкиди раисҷумҳур дар паёми солонааш, натанҳо дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, балки дар саросари Тоҷикистон идома дорад.

"Албатта ба пуррагӣ нест кардани машруботи спиртӣ дар вилоят ғайриимкон аст, вале бо назорати ҷидди раҳбарияти вилоят имкони аст, ки то як надоза фурӯши маводҳои спиртӣ аз байн бурда шавад ва ҷомеа зиндагии солим дошта бошад"-, гуфт Асламшоева.

Гурӯҳе аз фаъолони иҷтимоъӣ дар номае аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дархост кардаанд тавлиду фурӯши ҳама гуна машруботи алкулӣ ва тамокуиро дар қаламрави ин вилоят мамнуъ кунанд.

Дар ин дархостнома, ки дар вебгоҳи AVAAZ.org мунташир шудааст, гуфта мешавад:

"Мо, бошандагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз раёсати муҳтарами ҷумҳурӣ ва вилояти мухтор дархост мекунем, ки сарзамини Кӯҳистони Бадахшонро минтақаи озод аз машруботи алкулӣ эълом карда ва тавлиду фурӯши ҳамагуна машруботи алкулиро дар ин сарзамин акидан манъ кунед. Мо намехоҳем, ки дар қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон арақу майу шаробу обҷаву дигар машруботи алкулӣ хариду фурӯш шавад. Ҳамчунин дархост дорем воридоту фурӯши сигору насвору дигар маҳсулоти тамокуӣ дар қаламрави ВМКБ коҳиш дода шавад".

Лентаи хабарҳо
0