Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Футболбозони тоҷик дар Ҷоми Осиё аз Ҷопон шикаст хӯрданд

© © предоставлено ФФТТаджикские футболисты, архивное фото
Таджикские футболисты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии футболи Ҷоми Осиё-2018 аз тими миллии Ҷопон бо натиҷаи 2 бар 4 шикаст хӯрд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Файзалӣ Сардоров ва Некрӯз Алимаҳмадов дар ҳайъати тими миллии Тоҷикистон ду голро ба дарвоза расониданд.

Бруно Гарсия сармураббии тими миллии Ҷопон баъди бозӣ гуфтааст, "Бозӣ барои мо дар муқобили Тоҷикистон осон нагузашт. Мо рақиби пурзӯрро шикаст додем. Тоҷикистон дар хатти дифоъ хуб бозӣ кард. Дар бозии оянда дар рӯёрӯй бо Карияи Ҷанубӣ мо бояд бозии худро беҳбуд диҳем ва то ҳадди имкон бештар гол занем".

Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Осиё дар давраҳои ниҳоӣ бояд дар бозии баъдӣ Узбакистонро мағлуб кунад. Узбакистон дар бозии якум Кореяи Ҷанубиро бар ҳисоби 13 бар 2 шикст дод.

Бозии тимҳои миллии Тоҷикистон ва Узбакистон, имрӯз соати 13:30 баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала