Ҷоми футзали Осиё-2018: дастаи Тоҷикистон ба даври баъдӣ роҳ наёфт

© Официальный сайт ФФТДастаи яккачини футзали Тоҷикистон аснои тамрин дар Кувайт
Дастаи яккачини футзали Тоҷикистон аснои тамрин дар Кувайт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футзалбозони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2018 натавонистанд дар гурӯҳашон баранда шаванд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми футзали Осиё-2018, ки дар Тойпеи Чин баргузор мешавад, натавонистанд дар гурӯҳашон баранда шаванд.

Федерасиюни футболи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки миллипӯшони тоҷик дар бозии дувум аз дастаи Узбакистон бо натиҷаи 2 бар 4 шикаст хӯрдаанд.

Ду голе, ки Умед Қӯзиев ва Дилшод Саломов ба дарвозаи барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолӣ заданд, Узбакистонро аз пешрафт боз надоштанд.

Дар паи бозиҳои ахир дастаҳои Узбакистон ва Ҷопон аз гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0