Донишманди тоҷики муқими Австралия муттаҳам ба тундгароӣ шуд

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки олими тоҷик дар давоми ду сол видеоҳои тундгароёна мунташир кардааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон пажӯҳишгари тоҷики муқими Австралияро дар тундгароӣ муттаҳам мекунад.

Дар ин бора хабаргузории Тоҷик.ТА гузориш медиҳад.

"Мақомоти Тоҷикистон Абдусалом Одиназода, донишманди тоҷики муқими Австралияро муттаҳам ба тундгароӣ кард. Ин пажӯҳишгари 50-сола дар Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор мекунад. Ӯ бар асоси ду банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон – "даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳукумат" ва "даъват ба ифротгароӣ тариқи интернет" – муттаҳам мешавад", — омадааст дар гузориш.

Гуфта мешавад, ки Одиназода дар давоми ду сол видеоҳои дорои хусусияти эстремистиро мунташир кардаву мардумро ба кирдорҳои тунд даъват кардааст. Худи Одиназода гуфтааст, ки дар донишгоҳе, ки ӯ кор мекунад ба унвонаш номаҳои расмӣ дар бораи терурист буданаш ирсол шудаанд.

Аммо вай иттиҳмотро радд мекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала