Тирандозӣ дар Теҳрон: "меҳмони нохонда" ба ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ роҳ наёфт

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкТегеран, архивное фото
Тегеран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарде мусаллаҳ талош карда ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Эрон ворид шавад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Муовини амниятии устондории Теҳрон аз ҳодисаи тирандозӣ дар наздикии ниҳоди раёсатҷумҳурии Эрон хабар дод.

Ба гузориши Sputnik Эрон, Муҳсин Ҳамадонӣ, муовини амниятии устондории Теҳрон, гуфт, фарде мусаллаҳ ба силоҳи сард талош карда аз дарвозаҳои ниҳоди раёсатҷумҳурӣ бигзарад, аммо бо ҳушдори нерӯҳои амниятӣ дучор шуд.

“Бо тирандозии маъмурони ҳифозат ин фард аз пояш захмӣ шуд ва аз рафтан боз монд”, — афзуд Ҳамадонӣ.

Муовини амниятии устондории Теҳрон гуфт, ниҳодҳои амниятӣ дар талош ҳастанд шахси захмишуда шиносоӣ ва иллати иқдоми ӯро ошкор кунанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки 7 июн дар Маҷлиси шурои исломии Эрон низ тирандозӣ шуда буд.

Он рӯз 4 фарди мусаллаҳ бо тирандозӣ вориди Маҷлис шуда, сӯи муҳофизон тир кушоданд. Дар он тирандозӣ як кас кушта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0