Русия ва Эрон дар ҷануби Уросиё системи нави амниятиро бунёд мекунанд

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузариш ба медиабонкЛеонид Слуцкий, архивное фото
Леонид Слуцкий, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия бояд дар наздиктарин солҳо системи нави амниятиро дар ҷануби Уросиё бунёд ва роҳандозӣ кунад, мегӯяд Леонид Слутский, раиси Кумитаи равобити байналмилалии Думаи кишварии Русия

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ҳамкории Русия ва Эрон дар бунёд ва роҳандозии ин системи амниятӣ дар ҷануби Уросиё муҳимтарин нақшро хоҳад дошт, мегӯяд Слутский.

Ин мавзуъро ҳайъате аз намояндагони Дума, ки ба раҳбарии раиси Маҷлиси қонунгузори Русия Владимир Володин 8 – 9 апрел ба теҳрон сафар хоҳанд кард, бо ҳамтоёни эронияшон баррасӣ хоҳанд кард, афзуд вай.

“Ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаҳои гуногуни парлумонӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ беш аз пеш густариш хоҳад ёфт ва масоили равобити дуҷониба ва минтақаву ҷаҳон, аз он ҷумла парвандаи ҳастаии Эрон ва дурнамои ҳамкориҳои минтақаӣ, баррасӣ хоҳанд шуд”, — гуфт Слутский ба хабаргузории “РИА Новости”.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш дар Маскав платформи коршиносии “Уросиёи Бузург” роҳандозӣ шуд. Ҳамоҳангсози он – коршиноси улуми сиёсӣ Сергей Масаулов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон бурду бохти Тоҷикистон аз пайвастан ё напайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиёро боз гуфта буд.

Лентаи хабарҳо
0